< ДУЗДИИ ЧОРВО, МАБЛАҒ ВА ... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДИИ ЧОРВО, МАБЛАҒ ВА ...

ДУЗДИИ ЧОРВО, МАБЛАҒ ВА ...
01.08.2019 сол шаҳрванд Исмоилиён Ҳабибулло Абдуманонзода 1971 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.93/2, ҳ.3 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки шаби 31.07.2019 сол тахминан соатҳои 22:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи  шикастани тирезаи а/м шахсиаш тамғаи “Карола” р/д ТҶ0022ЕЕ/01, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ба дохили а/м даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти наворгирӣ ва 1-адад айнак, ки арзиши умумиашон 1500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

01.08.2019 сол шаҳрванд Исмонов Насрулло Назруллоевич 1989 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш подабони х/д ба номи “Мақсуд”, истиқоматкунандаи ҷ/д Танобчӣ, деҳаи Танобчӣ ба ШВКД ноҳияи Темурмалик муроҷиат намуд, ки шаби 22.07.2019 сол тахминан соатҳои 23 ба 24:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи мавзеъи “Товатош”-и ҷ/д Л.Қармишев 5-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 17000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

01.08.2019 сол шаҳрванд Зикирова Иғболбӣ Нуровна 1966 с/т, миллаташ тоҷик, омӯзгори МТМУ №31, истиқоматкунандаи ҷ/ш Совет, кӯч. Рӯдакӣх.б/р ба ШВКД ноҳияи Темурмалик муроҷиат намуд, ки санаи 22.07.2019 сол тахминан соатҳои 12 ба 13:00 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Боғитемур, ҷ/д Л.Қармишев 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

31.07.2019 сол мактуби  ширкати ҶСП “ТТ Мобайл” (Мегафон) ба ШВКД ноҳияи Данғара ворид гардид, ки охирҳои моҳи июни соли 2019 тахминан соатҳои 01:00 шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бинои хурди қароргоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент, воқеъ дар мавзеъи Сайёд 2-адад кандитсионер, ки арзишашон 3767-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

01.08.2019 сол шаҳрванд Баёнзода Ҷумъахон Сайғуфрон 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Деваштич х.38 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 31.07 ба 01.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи   шикастани тирезаи а/м шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс» р/д 00-20 СО/01, ки дар кӯч. Соҳилӣ беназорат меистод, вориди а/м шуда, аз дохилаш 1000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

01.08.2019 сол шаҳрванд Рустамова Савдагул Назировна 1958 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Зайнабобод, деҳаи Иқбол х.9 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 31.07.2019 сол тахминан соати 01.30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад мошинаи дарздӯзии тамғаи “Тайота”, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

01.08.2019 сол шаҳрванд Одинаев Намоз Сафарович 1969 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш корманди корхонаи кимиёвии н.Ёвон, истиқоматкунандаи ҷ\д Чоргул, деҳаи Кулобод ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намуд, ки шаби 26.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи  пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди корхонаи мазкур, 3-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 15000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ноболиғ Мавлони Абдулмаҷид 2002 с\т, миллаташ тоҷик, намехонад ва  шаҳварндон Воҳидов Суҳроб Шералиевич 1992 с\т ва Холов Ҳасан Тағоевич 1986 с\т, истиқоматкунандагонӣ, ҷ\д Даҳана, деҳаи Даҳана дастгир карда шудаанд. 

01.08.2019 шаҳрванд Шарифов Афзалшоҳ Бозорович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкори инфиродӣ, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, ҷ/д Хонақои-кӯҳӣ, деҳаи Кушкаки-мазор ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намуд, ки шаби 31.07 ба 01.08.2019 сол  тахминан соати 01.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили дӯкони нонпазиаш, воқеъ дар кӯч. Меҳвар, ҷ/ш Ёвон  даромада,  аз он ҷо 1-адад сандуқӣ оҳанин, ки дар дохилаш 4875-сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Астонов Шаҳром Убайдуллоевич 1995 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\ш Ёвон, кӯч. К.Қурбонов х.26, ҳ.15 ва оилааш Обиддинова Басонат Асатуллоевна 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Ҳусейнов, деҳаи Охуҷар, дастгир карда шуданд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий