
31.07.2019 тахминан соати 15.00-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Нисан”, р/д 6490АР/01 шаҳрванд Ёраков Толиб Идибекович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, ҷ/д Сағирдашт, деҳаи Лухч, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Роғун ба самти ш.Ваҳдат, дар 45,600-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда, Ёраков Т.И. ва мусофиронаш Сангов Зоирҷон Шарифович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Н.Қарабоев ва Сафарова Қурбонгул Баҳромовна 1964 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, деҳаи Лухч, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.Файзобод ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофиронаш 1)Ҳақназарова Сафаргул 2010 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, деҳаи Лухч, 2)Одинаев Шариф 1959 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Н.Қарабоев, 3)Умарҷони Лоиқшоҳ 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, деҳаи Дурбат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.Файзобод бистарӣ гардидаанд.
Комментарии (0)