< ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД
31.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, Раҳимқулов Соатбек Нуриддинович 1985 с/т, миллаташ қирғиз, бекор, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Бошкент, ш.Леёлек, кӯч. Макаренко х.63, ки ҷинояти  қочоқро содир намуда, аз тарафи ШКҶ ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ бо моддаи 289 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар кӯч. Н.Қарабоеви ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

31.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ташхаев Владимир Григорьевич 1957 с/т, миллаташ рус, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Саҳбо х.524, ки ҷинояти сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакиро содир намуд, аз тарафи ШВКД дар н.И.Сомонӣ бо моддаи 340 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий