< НОБОЛИҒОН БАРОИ ДУЗДӢ ДАСТГИР ШУДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НОБОЛИҒОН БАРОИ ДУЗДӢ ДАСТГИР ШУДАНД

НОБОЛИҒОН БАРОИ ДУЗДӢ ДАСТГИР ШУДАНД
31.07.2019 оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд  Зуҳурова Г.Ҳ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Нуралиев Динмуҳаммад Шералиевич 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Рӯдакӣ, деҳаи Дустӣ, ноболиғон Назаров Ҷӯрабек Мусоевич 2002 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи ҷ/ш Вахш, кӯч. А.Каримов ва Юсуфов Мансур Расулович 2005 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №2, истиқоматкунандаи ҷ/ш Вахш, кӯч. Марвазӣ дастгир карда шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

31.07.2019 оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд  Давлатов П.Ҷ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Асоев Мансурҷон Бурҳонович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Муҳаммадиев х.64, ҳ.55, пеш бо моддаҳои 200 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий