< МОШИНДУЗД БА ДАСТ АФТОД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МОШИНДУЗД БА ДАСТ АФТОД

МОШИНДУЗД БА ДАСТ АФТОД
29.07.2019 сол шаҳрванд Нуриддинов Ориф Ҷалолович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Пӯлотон, кӯчаи Сайфуллоев х.80 ба ШВКД шаҳри Конибодом муроҷиат намуд, ки санаи 28.07.2019 сол тахминан соати 21.00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад а/м шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”, р/д ТҶ 68-48 ВО/01, ки дар  назди ошхонаи “Зарбед”, воқеъ дар ҷ/д Пӯлотон, беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Дӯстматов Фирӯз Фарҳодович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Пӯлотон, кӯчаи Рӯдакӣ х.124/17 дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Дустматов Ф.Ф. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий