Cе медали гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Узбекистон
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни мардон ва занон барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Узбекистон дар маҷмааи варзишии «Баркамол авлод»-и Намангон доир гардид.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ беш аз 250 варзишгар аз 22 кишвар, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ - Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эстония, инчунин Белгия, Бразилия, Италия, Камерун, Муғулистон, Покистон, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра ширкат варзиданд.
Мусобиқот байни мардон аз рӯи услуби классикӣ ва озод дар ҳашт вазн (57 кг, 62 кг, 68 кг, 75 кг, 82 кг, 90 кг, 100 кг, 100+ кг) ва миёни занон аз рӯи услуби озод дар панҷ вазн (52 кг, 58 кг, 66 кг, 76 кг, 76+ кг) сурат гирифт. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқот 351 миллион суми узбекиро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 10 миллион сум ($1000), ҷойи дуюм – 7 миллион сум ($700) ва ҷои сеюм – 5 миллион сум ($500) супурда шуд.
Паҳлавонони тоҷик - Тоҷиддин Тӯйчиев дар вазни 90 кило барои ҷойи дуюм бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 миллион сум, Ойбек Ҳамидов дар вазни 62 кило ва Абуэҳсон Ашӯрзода дар вазни 75 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ба маблағи 5 миллион сум мукофотонида шуданд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 36 кишвар баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Меҳроҷ Рабиев дар вазни 57 кило, Кароматулло Қурбонов дар вазни 62 кило ва Беҳрӯз Гулмаҳмадзода дар вазни 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Комментарии (0)