БАРКАНОРИИ АКАДЕМИК ИМОМЗОДА АЗ МАҚОМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Бино ба иттилои дарёфтӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал бо фармонҳои худ академик Муҳаммадюсуф Имомзодаро аз мақоми вазири маориф ва илм барканор ва ба ҷои ӯ Раҳимҷон Саидзодаро таъйин кардааст. Саидзода Раҳимҷон Ҳамро то кунун ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав (МИСИС) дар Душанбе буд.
Раҳимҷон Саидзода зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонист. Ӯ доктори илмҳои техникӣ ва профессор буда, қабл аз ректорӣ солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ низ кор кардааст.
Гуфта мешавад, ҳамроҳ бо Имомзода муовини аввалаш Муҳаммаддовуд Саломиён низ аз мақомаш барканор ва билофосила ректори Донишгоҳи Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст.
Дар фармони президент гуфта шудааст, ки Муҳаммадюсуф Имомзода “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд. Аммо маълум нест, ки вай ба кадом кори дигар гузаштааст.
Имомзода аз 24 январи соли 2020 каме бештар аз ду сол вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд. Ӯ аз он пеш солҳои 1994 то 2004 декани риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллӢ, аз соли 2004 то 2012 ректори Донишгоҳи славянӣ ва аз соли 2012 то 2020 ректори Донишгоҳи миллӣ буд.
Сабаби барканории Имомзода гуфта нашудааст, вале президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабр дар паёми солонааш хеле ба шиддат аз вазъи баамаломада дар соҳаи маориф интиқод карда, гуфта буд, ки муассисаҳои маориф ба дипломдиҳӣ машғуланд, на ба тарбияи мутахассисон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “бидуни рушди маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем. Ман чунин мешуморам, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва сармоягузорӣ ба маориф асоси рушди давлату ободии миллат аст.” Ӯ гуфт, хуб медонад, ки заминаи рушди чӣ Ҷопону чӣ Сингапур маблағгузорӣ ба риштаи маориф буд.
Вай гуфт, дастпарварони мактабҳои Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ду забони хориҷӣ: англисӣ ва русиро хуб бидонанд. Вале Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар кишвар омӯзгорони хуби забонҳои хориҷӣ қариб нестанд.
“Аксари омӯзгорон бо шеваҳои нави таълим ошно нестанд. Мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат шумора! Диплом медиҳем, қоғаз медиҳем ба донишҷӯ, вале дар калла ҳеҷ чиз нест. 10 сол баъд ба ҳукумат ва идораҳои давлатӣ бояд танҳо онҳоеро ба кор бигиранд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон бидонанд”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Комментарии (0)