ҲАМЛАГАРОН БА КОРМАНДОНИ ПУЛИС ДАР МЕТРОИ МАСКАВ САИДАКРАМ ҲАМРОЕВ ВА УМАР РАСУЛҶОНЗОДА АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД (ВИДЕО)
Дар шаҳри Маскав нафари дуюми ҳамлакарда ба ду корманди пулис дар истгоҳи метрои “Тулская” дар маркази пойтахти Русияро ҳам дастгир кардаанд. Ҳарду ҳамлагар зодагони Тоҷикистон будаанд – Саидакрам Ҳамроеви 22-сола ва Умар Расулҷонзода, ки ҳамагӣ 18 сол дорад. Далели бо кормандони пулис дастбагиребон шудани онҳо норӯшан боқӣ мемонад.
Кумитаи тафтишоти Русия видеои лаҳзаҳои бозҷӯии онҳоро нашр кард.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷики дастгиршуда бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 5 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекунад.
Бино ба хабарҳо, шоми 17 феврал кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” Саидакрам Ҳамроев, соли таваллудаш 2000умро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ шудаанд. Вале он мард ба далели ҳанӯз номаълуме бо кормандони пулис дастбагиребон шуд ва ӯро ба замин хобонда, дастонашро ба пушт тоб доданд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як дӯсти муҳоҷири дастгиршуда ба кумаки ӯ шитофта, бо ҳарду пояш бо шаст яке аз кормандони пулисро зада, аз пой меафтонад ва занозанӣ сар мешавад. Ин нафари дуюм, бино ба хабарҳо, Умар Расулҷонзода, соли таваллудаш 2003 будааст. Дар ниҳоят, Расулҷонзода аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале Ҳамроевро дастгир карданд.
Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис танҳо дар шаҳри Маскав аст. Дар ду ҳамла зодагони Тоҷикистонро айбдор мекунанд.
Лаҳзаи ҳамла ба кормандони пулисро видеокамераҳои назоратии насбшуда дар истгоҳи метрои “Тулская” аз чанд зовияи гуногун сабт кардаанд:
Қаблан расонаҳои Русия бо такя ба манобеашон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар ҷануби шаҳри Маскав хабар доданд.
“Ин ҳодиса шоми 15 феврал рӯй додааст. Яке аз гумонбаршавандагон, ғолибан зодаи Тоҷикистон, ҳангоми боздошташ дар кӯчаи Мединская бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Ду нафар ҷароҳат бардоштаанд “, – хабар додааст манбаи хабаргузории ТАСС. Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир шудаст.
Бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ , кормандони пулис дар пайи ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино ба кӯчаи Мединская омаданд. Ба пулис хабар додаанд, ки яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд дорад.
“Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ бо корд ду корманди пулис аз ноҳияҳои дастонашон бо корд захмӣ кардааст. Дар пайи ин ба ҷои ҳодиса кормандони бештари пулис омадаанд. Ҳамлагар як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст. Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – хабар дод РЕН ТВ.

Комментарии (0)