< Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд

Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд
Ҳудуди 20 нафар дар Кунари Афғонистон зери қабати ғафси тарма ҷон доданд, хабар додааст шабакаи телевизионии "Tolo News" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол 15 ҷасад аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад.

Офати табиӣ дар минтақаи Дангам рух дода, феълан корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.

Ин фоҷеа дар ҳолест, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба шаҳрвандонаш аз хатари тарма дар рӯзҳои наздик ҳушдор додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 тарма фаромадааст.

Ин ниҳод афзуд, ки фаромадани тарма талафоти ҷонию хисороти моддӣ дар пай надоштааст. КҲФ ҳушдор додаст, ки хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват намуд, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий