Ба тирпаронӣ фавран хотима диҳед: Дархоси СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири кулли СПАД, Станислав Зас гуфт, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳал шавад
Станислав Зас, Дабири кулли СПАД бо котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон, Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зас аз ҳар ду ҷониб талаб намуд, ки ба тирпаронӣ фавран хотима бахшанд.
"Сар задани даргириҳои дубора дар марз, ва захмӣ шудани одамон нигаронии ҷиддӣ ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад", - шарҳ дод Зас.
Вай таъкид кард, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо дар сари мизи музокирот бо роҳи осоишта ҳал шавад.
Дабири кулл зикр кард, ки СПАД омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли низоъ кумаки лозимро расонад.
Ёдовар мешавем, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни низомиёни нерӯҳои марзбонӣ задухӯрд ба амал омад.
Ин танишро ҳодисае ба вуҷуд овард, ки 27 январ дар наздикии Исфара рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, сокинони Қирғизистон ҳангоми ҳаракат аз рустои Сомониён ба ҷамоати Чоркӯҳ ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кардаанд.
Роҳи Исфара—Ӯш фавран баста шуд.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли қазия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик қисмати роҳи Бодканд - Исфанаро якҷониба бастаанд.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал меояд. Баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд.
Комментарии (0)