ПУТИН ВА-БАНК РАФТ ВА “ИСТИҚЛОЛ”-И ДОНЕТСКУ ЛУҲАНСКРО БА РАСМИЯТ ШИНОХТ (ВИДЕО)
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард. Ҷолиб он аст, ки бархе роҳбарони аввали Русия то мулоқот бо Путин ҳатто намедонистанд, ки мақсади ӯ чист? Барои мисол, Сергей Наришкин дар аввал ҳатто гуфт, “аз ҳамроҳ кардани Луҳанску Донетск ба қаламрави Русия пуштибонӣ мекунад”. Путин маҷбур шуд, ӯро ислоҳ кунад, ки сухан танҳо дар бораи ба расмият шинохтани онҳо меравад. Путин бори дигар Украинаро як давлати бо роҳи сунъӣ аз ҷониби асосгузори СССР Владимир Ленин сохташуда номид ва гуфт, Украинаро як режими лӯхтакии таҳти назорати қудратҳои ғарбӣ ва олигархҳои маҳаллӣ идора мекунад.
Иттиҳоди Аврупо бо таҳрим таҳдид кард
Шолтс аз нақзи созишнома гуфт, Путин аз набудани дурнамо
Манбаъ: Радиои Озодӣ
Иттиҳоди Аврупо бо таҳрим таҳдид кард
Шолтс аз нақзи созишнома гуфт, Путин аз набудани дурнамо
Манбаъ: Радиои Озодӣ
Комментарии (0)