< Оҷонсии хидмати давлатӣ тавсия додааст, ки 3 мансабдор аз вазифа озод шаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оҷонсии хидмати давлатӣ тавсия додааст, ки 3 мансабдор аз вазифа озод шаванд

Оҷонсии хидмати давлатӣ тавсия додааст, ки 3 мансабдор аз вазифа озод шаванд
Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар пайи санҷишҳое, ки Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон дар ниҳодҳои давлатии кишвар анҷом додааст, 95 мансабдори давлатӣ, аз ҷумла 15 зан ба мансаби ишғолкардаашон «номувофиқ» дониста шуда, ин теъдод 92 кас ба такмили ихтисос фаро гирифта шудааст. Барои 3 тани дигар тавсия шудааст, ки аз вазифа озод карда шаванд.

Дар ин бора дирӯз, 7-уми июл, Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ изҳор дошт, ки барои санҷиши хидматчиёни давлатӣ комиссияи махсус ташкил мешавад, ки дар он аз ҷумдла намояндагони дастгоҳи раисҷумҳур ва Оҷонсии хидмати давлатӣ шомил мешаванд.

«Агар хидматчии давлатӣ ба талаботе, ки пешбинӣ шудааст, мувофиқат накунад, тибқи талаботи низомнома аввал барои такмили ихтисос тавсия дода мешавад. Агар дар аттестатсияи такрорӣ вай натиҷаҳои беҳтар нишон надод, тибқи талаботи низомнома, бояд аз мансаб озод шавад», — шарҳ дод Идрисзода.

Дар умум, давоми нимсолаи аввали соли 2026 хидматчиёни давлатӣ дар 24 мақомоти марказӣ ва 68 мақомоти маҳаллӣ аз санҷиш гузаштаанд.

Илёс Идрисзода. Акс аз asia+


«Вазъ дар маҳал ташвишовар аст"Илёс Идрисзода ҳамчунин аз норасоии корманд дар ниҳодҳои давлатӣ хабар дода, дар ин самт вазъро дар баъзе шаҳру ноҳияҳо «ташвишовар» хонд.

Ба иттилои ӯ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар мақомати давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон 3 ҳазору 940 коргар намерасад. Ин 17,2 дарсад ҷойи корӣ аст.

Ба қавли Идрисзода, ҳоло дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 22 ҳазору 861 ҷойи корӣ ҳаст ва 18 ҳазору 921 ё 82,7%-и он ишғол шудааст.

Натиҷаҳои озмуни мансабҳои холии хидмати давлатӣ нишон додааст, ки ба ҳар як мансаби холӣ 0,6 довталаб рост меояд.
Идрисзода гуфт, бо ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо талош доранд, ҷойҳои холиро пур кунанд. Аммо чӣ гуна, мушаххасан нагуфт.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий