Миср, Қатар ва Туркия дар баёнияи муштарак ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаро шадидан маҳкум карданд
Дар баёнияи муштараки се кишвар гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои ахири Исроил боиси кушта шудани шуморе аз ғайринизомиён шудааст. Миср, Қатар ва Туркия таъкид кардаанд, ки идомаи ҳамлаҳои Исроил талошҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳифз ва таҳкими оташбасро дар ин марҳилаи ҳассос заиф мекунад.
Се кишвар бори дигар бар зарурати пойбандии Исроил ба тамоми уҳдадориҳои худ дар доираи созиши оташбас дар Ғазза таъкид карда, хостори худдорӣ аз ҳар гуна иқдоме шудаанд, ки метавонад оташбасро заиф ё ба афзоиши танишҳо мунҷар шавад.
Дар идомаи баёния, Миср, Қатар ва Туркия аз ҷомеаи байналмилалӣ ва Шурои сулҳ таҳти роҳбарии президенти ИМА Доналд Трамп даъват карданд, ки бар риояи оташбас дар Ғазза назорат кунанд.
Ҳамзамон, Вазорати тандурустии Фаластин эълом кард, ки бар асари идомаи ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза дар «24 соати гузашта 10 нафар кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шудаанд».
Баёнияи муштараки Миср, Қатар ва Туркия дар ҳоле нашр мешавад, ки нигарониҳо аз идомаи хушунат ва осеб дидани созиши оташбас дар Ғазза афзоиш ёфтааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)