< Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
​Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тамоми корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» бояд бо риояи қатъии талаботи сифат, истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро дар мадди аввал ба масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии бинокорон, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ ва риояи қатъии талаботи бехатарии истеҳсолот ҷалб намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин иншооти саноатиро аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон номиданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «бо бунёд кардану ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии „Роғун“ мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем».


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий