< «Бумеранг» барои Трамп? Вокунишҳои шадиди таҳлилгарон аз таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

«Бумеранг» барои Трамп? Вокунишҳои шадиди таҳлилгарон аз таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон

«Бумеранг» барои Трамп? Вокунишҳои шадиди таҳлилгарон аз таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон
​Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Лора Розен бар ин назар аст, ки таҳримҳои бештар метавонанд кӯшиши Вашингтон барои нишон додани натиҷаи сиёсати худ бошанд, бидуни он ки ИМА дубора ба амалиёти низомии васеътар рӯ оварад.

«Ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии бештар, бо унвонҳои гуногун, ба ин маъност, ки мо мехоҳем нишон диҳем, иқдоме анҷом медиҳем, то маҷбур нашавем дубора ба афзоиши танишҳои низомӣ рӯ оварем» — мегӯяд Лора Розен

Роберт Малӣ, намояндаи собиқи ИМА дар умури Эрон, бошад, ба таъсири таҳримҳо шубҳа дорад.

Ба гуфтаи ӯ, умед бастан ба он ки фишори иқтисодии бештар ҳатман натиҷаи беҳтар медиҳад, метавонад як иштибоҳи ҷиддии сиёсӣ бошад. Ӯ таъкид кард: «Кам чизе ба андозаи ин тасаввур, ки „агар фишори иқтисодӣ ҷавоб надод, фишори иқтисодии бештар ҳатман ҷавоб хоҳад дод“, метавонад ҳам фиребанда ва ҳам мантиқан ғалат бошад.»

Малӣ ду эҳтимолро барои рафтори Теҳрон матраҳ кардааст: Эрон метавонад кӯшиш кунад фишорҳоро паси сар намояд ва мунтазири тағйири мавқеи Трамп шавад ё ба таври фаъолтар ҷавоб диҳад ва хароҷоти таҳримҳоро ба дигар ҷонибҳо низ интиқол диҳад.
Ҷек Рид, сенатори демократи ИМА низ ҳушдор дод, ки фишори шадид бар Эрон метавонад ба посухи минтақавӣ оварда расонад. Ӯ мегӯяд: «Эрон ҳам дар бозори ҷаҳонии энергетика таъсиргузор аст ва ҳам дар баробари фишор хомӯш нахоҳад монд. Агар Теҳрон таҳти фишори шадид қарор гирад, дар минтақа ҳамлаҳо анҷом хоҳад дод.»

Сафири собиқи ИМА дар Исроил низ таҳдидҳои Трампро бештар як абзори фишори сиёсӣ арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ «таҳдидҳои Трамп ба эҳтимоли зиёд асосан ҷанҷолбарангез ва холӣ ҳастанд. Имкониятҳои зиёде барои чунин иқдом вуҷуд надоранд, ки истифодаи онҳо бидуни таҳаммули иқдомҳои ҷавобии зидди Амрико имконпазир бошад».

Аммо ӯ ҳамзамон ҳушдор додааст, ки набояд қобилияти Эрон барои ҷавоб додан нодида гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ: «Ҳатто агар ин таҳдидҳо амалӣ ва ҷиддӣ бошанд, Эрон ҳам омодагии таҳаммули хароҷот ва фишорро дорад ва ҳам абзорҳое дар ихтиёр дорад, ки метавонад тавассути онҳо ба Амрико, шарикони Амрико ва иқтисоди ҷаҳонӣ зарар расонад.»
Сафири собиқ афзуд, ки ҳар гуна афзоиши таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон метавонад дуҷониба бошад ва Эрон низ имкони интихоби шакли вокунишро дорад.

«Новобаста аз он ки Трамп ба сӯйи афзоиши низомӣ ҳаракат кунад ё иқдоми иқтисодӣ анҷом диҳад, ба назар мерасад, ӯ ҳеч гоҳ дарк намекунад, ки афзоиши таниш якҷониба нест ва Эрон низ қудрат ва ихтиёри амал дорад ва метавонад вокуниш нишон диҳад» — мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Арнолд Бернард, таҳлилгари фаронсавӣ, ба он шубҳа дорад, ки таҳримҳои нав метавонанд ба таври ҷиддӣ Чинро низ ҳадаф қарор диҳанд. Ӯ мегӯяд: «Қариб мутмаинам, ки манзур аз ҳар кишвар Чин нест. Тасаввур кардан душвор аст, ки ИМА ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз сафари Пекин мехоҳад бар зидди Чин „D-Day-и иқтисодӣ“ эълон кунад».

Бернард ба як намунаи қаблии таниш миёни Вашингтон ва Пекин ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи май ИМА талош кард чанд корхонаи коркарди нафти Чинро ба далели харидории нафти Эрон таҳрим кунад.

Аммо Пекин дар ҷавоб мавқеи қатъӣ гирифт ва Вазорати тиҷорати Чин дастуре содир кард, ки тибқи он таҳримҳои ИМА набояд эътироф шаванд.

Ба гуфтаи таҳлилгари фаронсавӣ, Вашингтон баъдан амалан аз иҷрои пурраи ин таҳримҳо ақибнишинӣ кард, зеро татбиқи онҳо метавонист муассисаҳои бузурги молиявии Чинро ҳадаф қарор диҳад ва ба низоми молиявии байналмилалӣ низ зарба занад.

Дар натиҷа, баҳсҳо дар бораи самаранокии стратегияи «фишори ҳадди аксар» бар Эрон дубора авҷ гирифтаанд. Барои Вашингтон масъала танҳо таҳрим кардани Теҳрон нест — хатари асосӣ ин аст, ки фишори иқтисодӣ метавонад ба як занҷири нави муқовимат табдил ёбад, ки оқибатҳои он берун аз марзҳои Эрон эҳсос хоҳанд шуд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий