Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов расонид.
Ҷонибҳо зарурати рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркманистонро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон минбаъд низ ба манфиати мардумони ду мамлакати бародар рушд хоҳанд ёфт.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)