РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медод, пас он соли 2025 ба 13 миллиарду 980 миллион сомонӣ расидааст.
Дар сохтори саноати вилояти Хатлон рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук мавқеи муҳим дорад. То соли 2026 дар вилоят 78 корхона ва коргоҳи пахтатозакунӣ, 31 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ ва 6 корхонаи ресандагӣ фаъолият намуда истодааст. Ин корхонаҳо дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ саҳми назаррас доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки то соли 2026 дар вилояти Хатлон 19 миллиарду 790,2 миллион киловатт-соат неруи барқ, 3086,4 ҳазор тонна семент ва 91,2 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст.
Саноат дар сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти калидӣ дорад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)