Ҳайати иқтисодии Гулистони Эрон вориди Душанбе шуд: мулоқот бо мақомоти баландпоя дар назар аст
Ҳайати вилояти Гулистон бо ҳадафи таҳкими равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ вориди Тоҷикистон шуда, аз ҷониби мақомоти расмии кишвар истиқболи гарм гирифт.
Дар доираи ин сафар ҳайат дар Анҷумани байналмилалии саноати ғизои Тоҷикистон ва маросими ифтитоҳи намоишгоҳи саноати хӯроквории кишвар иштирок мекунад. Ҳамчунин, мулоқот бо соҳибкорон ва фаъолони бозори маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон дар назар аст.
Қисми муҳимми сафари волии Гулистонро дидору музокирот бо вазорату ниҳодҳои калидии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ӯ бо масъулони баландпояи вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт ва кишоварзӣ, инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии давлатии содирот ва Кумитаи андоз мулоқот хоҳад кард.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи ин музокирот ёфтани имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодӣ, муайян кардани бозорҳо барои содирот ва фароҳам овардани замина барои муносибатҳои нави тиҷоратӣ мебошад. Дар барномаи фарҳангии ҳайати Гулистон низ боздид аз Маҷмааи Истиқлол, Кохи Наврӯз ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Сафари ҳайати Гулистон дар ҳолест, ки густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон метавонад барои соҳибкорони ду кишвар имкониятҳои нав, бахусус дар бахшҳои саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ фароҳам кунад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)