< Ширкати “Брешно” аз Тоҷикистон хостааст мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ширкати “Брешно” аз Тоҷикистон хостааст мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад

Ширкати “Брешно” аз Тоҷикистон хостааст мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро афзоиш диҳад
​Ин дархост дар дидори Абдулҳақ Ҳамкор, раиси иҷроии ширкати «Da Afghanistan Breshna Sherkat» (Брешно) бо Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар Душанбе матраҳ шуд.Ширкати «Брешно» мегуяд, ду тараф дар ин дидор дар бораи афзоиши воридоти барқ аз Тоҷикистон, тақвияту густариши хутути интиқоли барқ, беҳбуди кайфият ва волтажи барқу тарофаҳо гуфтугӯ карданд.Фурсатҳои сармоягузорӣ, омӯзишҳои фаннӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат низ аз дигари мавзуоти мавриди баҳс дар ин нишаст будааст.Ба гуфтаи ширкати «Бршно», тарафи Тоҷикистон дар бораи тарҳи сохти хати интиқоли барқи 500 киловолт иттилоот ироа кард ва омодагии худро барои баррасии дархости афзоиши содироти барқ ба Афғонистон иброз кард.

Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд, ки тимҳои фаннӣ ва тиҷорӣ гуфтгӯҳоро идома диҳанд ва дар бораи ҷузъиёти ин мавзуъ ба натоиҷ амалӣ барисанд.Ширкат «Брешно» мегуяд дар пайи ҳифзи равобит бо Тоҷикистон ва афзоиши ҳамкориҳои пойдор, табодули энержӣ ва иҷрои пружаҳои муштарак миёни ду тараф аст.Ҳамзамон намояндагони ширкати «Брешно"-и Афғонистон бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дидор карданд.


Сарчашма: sputnik.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий