< Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид

Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи ҷаласаи 11-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (AIIB) хонум Зоу Ҷиайи баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, доир ба густариши шарикӣ ва ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетика, рушди устувор ва пайвастагии минтақавӣ равона гардид.


сарчашма: Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий