< Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод

Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ки тибқи фармони раисҷумҳури кишвар аз санаи 1 — уми окябри соли 2026 оғоз шуд оғоз гардид, аллакай 55% иҷро шуд.

Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

«Натиҷаи рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дода, дар нахустин рӯз комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд», — қайд кардааст манбаъ.

Таъкид карда шуд, ки дар як рӯзи сипаригардидаи чорабиниҳои даъватӣ иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон — 76%, вилояти Суғд — 13%, Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 64% ва шаҳри Душанбе — 63%-ро ташкил дод.

Вазорати дифоъ илова кардааст, ки беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд.

Сарчашма: sputnik.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий