< Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфт.Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст."Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад«, — гуфтааст раисҷумҳур.


Ба гуфтаи президент, дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.

»Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд«, — таъкид кардааст сарвари давлат.

Сарчашма: sputnik.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий