< Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
​Ҳамоиш ба омӯзиши сиёсати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон, тавсеаи иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ ва таҳкими нақши занон дар рушди ҷомеаи соҳибистиқлол равона гардид.

Иштирокдорон доир ба ҷанбаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон андешаронӣ карда, аҳаммияти ташаббусҳои давлатиро дар таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа таъкид намуданд.

Иброз гардид, ки дар китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба мақоми зан, фароҳам овардани имконияти баробар ва таҳкими мавқеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятии мамлакат инъикос ёфтаанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий