< Владимир Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Владимир Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд

Владимир Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад.

Ба иттилои мақомоти Русия, сафари раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад.
Дар дидори раҳбарони ду кишвар «масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин, мавзуъҳои минтақаиву байналмилалӣ» баррасӣ хоҳанд шуд.

Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид то кунун расман хабаре нашр накардаанд.

Владимир Путин пеш аз Тоҷикистон ба Чин рафта, дар он ҷо рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр дар нишасти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнусия ва нахустин музокироти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Чин ва Амрико ширкат мекунад. Ӯ пас аз ин, аз Чин ба шаҳри Душанбе сафар хоҳад кард.

 Бори охир раисҷумҳури Русия моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон омада буд.

Мулоқоти охири раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия бошад, ҳафтаи гузашта, 12-уми ноябр дар Маскав, дар доираи ҷаласаи Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) сурат гирифта буд.

Сарчашма: asiaplus.news

​

Комментарии (0)

Оставить комментарий