< Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобилро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи ҳамкории зич байни Тоҷикистон ва Ҷопонро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий