Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Зимни вохӯрӣ доир ба ташкили табодули мунтазами иттилоот, инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳо, инчунин нашри маводи марбут ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистону Туркия дар расонаҳои давлатии иттилоотӣ табодули афкор карда шуд.
Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки Агентӣ дар доираи ваколат ва имконоти худ бо ҷониби Туркия, пеш аз ҳама, бо Агентии иттилоотии «Анадолу Аҷансӣ» (Anadolu Agency — АА) омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Инчунин бо назардошти таҷрибаи ғании ҷониби Туркия дар соҳаи сайёҳӣ изҳори умед карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ бо расонаҳои туркӣ дар ин кишвар имконоти сайёҳии Тоҷикистон, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, табиати зебоманзар, кӯҳҳо, кӯлҳо ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвари мо ба таври васеъ муаррифӣ карда шаванд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии «Анадолу Аҷансӣ» низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки имзои ин санад метавонад барои ҳамкории мунтазам, табодули иттилоот ва густариши робитаҳои касбии рӯзноманигорони ду давлат заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда, ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркия дар соҳаи иттилоот ва оғози марҳилаи нави ҳамкории судманд дар ин самт мусоидат намояд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)