< Қолибоф мегӯяд неруҳои амрикоӣ мехоҳанд “обрӯмандона” аз минтақа хориҷ шаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қолибоф мегӯяд неруҳои амрикоӣ мехоҳанд “обрӯмандона” аз минтақа хориҷ шаванд

Қолибоф мегӯяд неруҳои амрикоӣ мехоҳанд “обрӯмандона” аз минтақа хориҷ шаванд
​Муҳаммабоқир Қолибоф рӯзи чоршанбе ҳангоми нишасти хабарӣ дар маҳалли кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ гуфт, ин макон рамзи пайванди Эрону Ироқ ва муборизаи ду кишвар бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» аст.

Ба гуфтаи ӯ, кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ ал-Муҳандис натавонист нуфузи ҷараёни муқовиматро дар минтақа коҳиш диҳад. Қолибоф иддао кард, ки имрӯз «воқеияти» Исроил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор шудааст ва ин кишвар ҳамчун «душмани башарият» шинохта мешавад.

Раиси парлумони Эрон гуфт, пас аз ҷанги моҳи Рамазон дар сохтори амниятии минтақа тағйирот ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, дар низоми нави минтақа дахолати кишварҳои хориҷӣ ва бозигарони фароминтақавӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф ҳамчунин, гуфт, кишварҳои исломии минтақа бояд равобити амниятии амиқтар дошта бошанд ва онро бо ҳамкориҳои устувори иқтисодӣ тақвият диҳанд. Ӯ таъкид кард, ки Эрон барои чунин ҳамкорӣ омода аст.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси Эрон, сафари ӯ ба Ироқ барои тақвияти ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа ва пешбурди «низоми нави минтақавӣ» сурат мегирад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф афзуд, дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти ҳукумат ва парлумони Ироқ, инчунин, бо чеҳраҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Вай, инчунин, эълом кард, ки ба намояндагӣ аз раҳбари олии Эрон дар маросими марбут ба Арбаъин ширкат мекунад ва паёми сипоси ӯ ва мардуми Эронро ба мақомоту мардуми Ироқ мерасонад.

Раиси парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф равобити Эрону Ироқро «таърихӣ, решадор ва ногусастанӣ» номид ва гуфт, ду кишвар бояд барои таҳкими амнияти муштарак ва беҳбудии зиндагии мардумашон талош кунанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий