Пизишкиён: “Онҳое, ки душманро ба ҳамла ба Эрон даъват мекунанд, эронӣ нестанд”
Ба иттилои расонаҳои Эрон, Масъуд Пизишкиён, рӯзи ҷумъа, 21-уми августи соли 2026, дар 31-умин Маҷмаи умумии Анҷумани исломии ҷомеаи пизишкони Эрон суханронӣ карда, бо ёдоварӣ аз қурбониёни ҷанги ахир гуфт: «Ҳифзи ягонагии кишвар калиди пирӯзӣ дар муқобили душманон аст».
Масъуд Пизишкиён афзуд, ки натиҷаи музокироти охир бо пуштибонии якдилонаи Шурои олии Амнияти миллӣ ба даст омадааст. Ба гуфтаи ӯ, созиши ҳосилшуда «бо иззат» аст ва тамоми уҳдадориҳои дар он пешбинишуда ба дӯши тарафи муқобил гузошта шудаанд.
Раиси ҷумҳури Эрон дар идомаи суханонаш аз онҳое интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ, бидуни огоҳӣ аз шароити ҳукумат, маҷлис ва фармондеҳони низомӣ вазъиятро таҳлил мекунанд.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба мафҳуми сулҳ дар таълимоти Ислом гуфт, сулҳ набояд ба маънои нодида гирифтани таҳдидҳои душман бошад. Ӯ таъкид кард, ки агар тарафи муқобил ба созиш даъват кунад, бояд ҳушёр монд ва ҳамзамон ба аҳд ва паймон содиқ буд. Бо ин ҳол, ӯ равшан кард, ки созиш маънои таслим шуданро надорад.
«Мо ба ҳеч ваҷҳ дар баробари зӯргӯйӣ сар хам нахоҳем кард», — гуфт Пизишкиён ва афзуд, ки агар Эрон мавриди ҳамла қарор гирад, ба он посух хоҳад дод.
Президент ҳамчунин, гуфтааст, ҷанг бояд дар ниҳоят ба поён расад ва таъкид кардааст, ки ба назари ӯ, беҳтар аст ин раванд дар замоне анҷом шавад, ки Эрон худро дар мавқеи қудрат ва иззат мебинад.
Масъуд Пизишкиён яке аз муҳимтарин масъалаҳои Эронро ҳифзи ваҳдати миллӣ донистааст. Ӯ гуфта, ҷомеа бояд гуногунии ақидаҳо ва дидгоҳҳоро қабул кунад, зеро ихтилоф метавонад барои душманон имкони фишор овардан фароҳам созад. Ба гуфтаи ӯ, «агар бо ҳам бошем, қудратмандем ва агар ихтилоф дошта бошем, нобуд хоҳем шуд».
Президент ҳамчунин, аз нақши мардум дар муқобила бо ҳамлаи хориҷӣ ситоиш карда ва гуфтааст, онҳое, ки аз берун аз марз душманро ба ҳамла ба Эрон ташвиқ мекунанд, сазовори маҳкумият ҳастанд. Дар баробари ин, ӯ аз шаҳрвандоне, ки дар рӯзҳои буҳронӣ аз Эрон ҳимоят кардаанд, қадрдонӣ намудааст.
Масъуд Пизишкиён эътироф кардааст, ки ҷанг ва таваррум ба зиндагии мардум мушкилоти ҷиддӣ ворид кардааст. Ӯ гуфта, масъулини давлат вазифадоранд мушкилоти мардумро ҳал кунанд ва барои ӯ қобили қабул нест, ки шаҳрвандон дар таъмини хароҷоти рӯзгор, тандурустӣ ва табобат ба мушкил рӯбарӯ шаванд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)