< Даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

Даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон

Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанд ва дараматруги шиностаи тоҷик ва раиси пешини Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, бар асари беморие, ки дошт дар синни 81-солагӣ даргузашт.  Дар ин бора фарзанди шоир Сарвар Бахтӣ, шаби 19-уми май дар Фейсбук хабар дод.

Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. 

Солҳоои зиёде дар дар телевизиони Тоҷикистон, "Тоҷиктелефилм" ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.

Меҳмон Бахтӣ пас аз Аскар Ҳаким дар соли 2003 раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон шуд, ки то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт.  Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.

Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмӯаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва дигаронро навиштааст.

Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий