< Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд

Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вуҷҷуди чандин мушкилот дар ҳамлу нақли автомобилӣ дар вилояти Суғд гуфт ва ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо супориҳо дод

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо намояндагони ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ва кормандони соҳаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд, баргузор шуд, вобаста ба вазъи воқеӣ ва мушкилоти фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар ба масъулин барои ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод, иттиллоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазири нақлиёти кишвар дар бораи фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, мушкилот дар самти истифодаи рухсатномаҳо аз ҷониби ширкатҳо, монеаҳои кор дар ҷамъият ширкатҳои нақлиётии дар самти байналмилалӣ ва ширкатҳои дар дохили кишвар фаъолияткунанда, варақаҳои борхату роҳхат, рақамикунони соҳа ва дигар масоили марбута изҳори назар кард.

“Ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод”, - таъкид кардаааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.

Ҳамчунин Азим Иброҳи аз масъулин даъват кард, ки барои пешравии кор, сабабҳои сар задани нуқсонҳои кор ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта фикрҳояшонро баён намоянд.

Ширкаткунандагон дар масоили нарху навои роҳхату борхат, ба роҳ мондани рақамкунонии соҳа, дастраскунии рухсатномаҳо, масъалаи баркашӣ ва сертификатсиякунонии соҳа пурсишу дархостҳо ба миён гузошта шуда, аз вазири нақлиёт посухҳои мушаххас гирифтанд.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий