Маск соҳиби Twitter мешавад
Интизор меравад, ки харид дар соли 2022 баста шавад, аммо дар ҳоли ҳозир созишномаи фурӯши ширкат аз ҷониби шӯрои мудирони Twitter якдилона тасдиқ шудааст
Сарватмандтарин одами ҷаҳон Илон Маск Twitter-ро ба маблағи 44 миллиард доллар харидааст, менависад The Wall Street Journal бо истинод ба манобеъи огоҳаш.
Хариди Twitter аз ҷониби муассиси SpaceX ва Tesla метавонад пас аз анҷоми савдо эълон шавад. Twitter низ фурӯши ширкатро ба Маск тасдиқ кард.
Шӯрои мудирони ширкат ин созишномаро якдилона тасдиқ кардаанд ва интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ баста шавад.
Дар ҳамин ҳол сарвари Twitter Парага Агравала алакай гуфта буд, ки пас аз соҳиби шабакаи иҷтимоӣ шудани миллиардер, ширкат ояндаи номуайяне хоҳад дошт.
"Пас аз баста шудани созишнома, мо намедонем, ки платформа кадом самтро пеш хоҳад гирифт", - гуфт Агравал ба кормандони ширкат ва итминон дод, ки ҳеҷ гуна ихтисор ба нақша гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ҳамин ки соҳибкор тавонист бо шӯрои мудирони ширкат дар мавриди фурӯш мувофиқат кунад, саҳмияҳои шабакаи иҷтимоӣ дарҳол 5,7% боло рафта, ба 51,70 доллар расид.
Тибқи навиштаҳои як қатор нашрияҳо, саҳҳомон барои ҳар як саҳмия 54,20 доллар мегиранд, аммо ҳамзамон ин нарх аз нархи 70 доллар, ки Twitter дар соли 2021 муомила карда буд, хеле поинтар аст.
Барои харидани Twitter, Маск 21 миллиард доллар - маблағҳои шахсӣ ҳамчун сармояи саҳҳомӣ ҷудо кард ва 25,5 миллиард доллари дигарро барои соҳибкор бар ивази гарави саҳмияҳои Tesla аз ҷониби гурӯҳи бонкии Morgan Stanley ҷудо карда шуд.
Ҳанӯз 23 апрел соҳибкор эълон карда буд, ки ин шабакаи иҷтимоиро мехарад, то як платформаи ҷамъиятиро ба вуҷуд орад, ки ба он бовар кардан мумкин аст ва дар он ҳама ҳуқуқи изҳори андешаи худро дошта бошанд.
Маълум аст, ки худи Илон Маск аз соли 2009 инҷониб дар шабакаи иҷтимоии Twitter фаъол аст. Вай зиёда аз 80 миллион пайгир дорад. Ӯ борҳо гуфта буд, ки аз қоидаҳои модератсияи мундариҷа дар ин фазо норозӣ аст ва тағйироте пешниҳод кардааст, ки бояд саҳифаҳои қалбакиро аз байн баранд.
Ёдовар мешавем, ки Маск сарватмандтарин одами сайёра аст. Forbes дороии ӯро ба ҳисоби саҳмияҳои Tesla 273,6 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)