< Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард

Тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ сармеъморони пойтахтро барканору таъйин кард

Шаҳрдори Душанбе дар пайи сарусадоҳои ахир дар бораи генплани пойтахт ва тахриби биноҳои таърихӣ дар бахши шаҳрсозӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сармеъморони пойтахтро иваз кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз мақомаш барканор карда шуд.

"Усмонзода Қосим - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 апрели соли 2022 бо хоҳиши худаш аз мансаби ишғолнамудааш озод карда шавад", - омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Сабаби барканории ӯ мушаххас нест.

Шаҳрдори Душанбе ба ҷойи Усмонзодаро дар ин мақом Азизиён Сами Солиро таъйин кардаас.

Маврид ба зикр аст, ки то кунун, Азизиён Сами Соли дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии "Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" кор мекард.

Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли ахир масъалаи шаҳрсозӣ ва махсусан тахриби биноҳои таърихӣ вокунишҳои шадидро дар миён дошт.

Ахиран ба Рустами Эмомалӣ Ҳизби демократи Тоҷикистон низ пешниҳодҳое дар бораи беҳбуди шаҳрдорӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ карда буд.

Бинобар пешниҳодҳои ҳизб, ки онро раҳбараш Саидҷаъфар Усмонзода нашр кард, роҳҳои пойтахт васеътар, пиёдагардҳо сохта шавад ва ҳамзамон биноҳои таърихӣ нигоҳ дошта шавад.

Тибқи пешниҳоди ӯ ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон бояд биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , чойхонаи Роҳат , меҳмонхонаи Душанбе , меҳмонхонаи Вахш ва бинои асосии Донишгоҳи миллӣ тахри нашаванд.

Ӯ ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки намоди берунии Кохи Борбад пурра тағйир дода шавад, зеро он мутобиқи фарҳанги шаҳрсозии мо нест.

"Дар шаҳри Душанбе биное ҳаст, ки дар даврони Шурави бо шиори "интернационазм" вале мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст. Ин бино Кохи Борбад мебошад , ки бо шакли “юрти муғул” қалъа сохта шудааст !Борбад ба муғулу юрташ ягон монанди ё робитае надорад!", - афзудааст манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони пешини Ҳукумати Шурави бо беиродагӣ ва бетарафӣ ба бунёди ин бино иҷозат дода , намунаи нохуше барои наслҳои баъдӣ ба мерос мондаанд , ки ҳузури ин иншоот ғурури нопухтаи насли наврасро мешиканад .

Гуфта мешавад, дар ин бино маъракҳои муҳимми давлати мегузарад ки боиси таасуфаст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад , вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий