< Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии рус, даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии рус, даргузашт

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии рус, даргузашт
Владимир Жириновский, асосгузор ва раҳбари ҳизби Либерал-Демократи Русия, вакили Думаи давлатӣ дар ҳашт давра, дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия рӯзи 6-уми апрел хабар дод. Моҳи феврал хабар дода буданд, ки ӯ бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 дар бемористон бистарӣ шудааст ва вазъи саломатиаш "вазнин" аст.
Рӯзи 25-уми март "РИА Новости", хабаргузории давлатии Русия аз номи Александр Пронюшкин, узви Шӯрои федератсияи Русия хабар дода буд, ки Жириновский фавтидааст. Баъдан, расман ин хабар рад шуд ва мақомот гуфтанд, ки сиёсатмадор дар беморхона табобатро давом медиҳад ва вазъи сиҳатиаш "мӯътадил" аст.
Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо изҳоротҳои миллатгароёнааш мешиносанд, ки нисбат ба Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия садо медод.
Владимир Жириновский моҳи ноябри соли 2018 бо як ҳайати 20-нафарии вакилони Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот намуда буд. Дар ин сафар, баракси гуфтаҳои қаблиаш, гуфт, пешниҳод мекунад, ки дар шиносномаи тоҷикон навишта шавад, ки "аз кишвари дӯсти наздиктарини Русия ҳастанд."
Ҳарчанд, ӯ пайваста муҳоҷирони кории тоҷикро танқид мекард ва пешниҳод дошт, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ шавад ё ин кишварҳо ба сифати губернияҳо ба ҳайати Русия ворид карда шаванд. Барои чунин изҳороти тавҳиномезаш ин сиёсатмадорро Қирғизистон ва Қазоқистон ба таври расмӣ мамнуъ-ул-вуруд карда буданд.
Жириновский шаш бор номзад ба мақоми президенти Русия буд ва бо изҳоротҳои баҳсбарангезаш шинохта мешуд. Назарҳои ӯро бештар миллатгароёна ва ифротӣ медонистанд.
Ӯ ҳизбашро дар солҳои охири Шӯравӣ сабти ном кард ва то дами марг раҳбарии онро бар душ дошт. Ҳарчанд, ӯ ҳизбашро ҳизиби мухолиф медонист, вале мавқеаш бо Кремл наздик буд ва аз сиёсатҳои Путин пуштибонӣ мекард.
Жириновский дар Алма-Ато ба дунё омадааст. Модараш ҳамроҳ бо шавҳараш солҳои ҷанги Дуюми ҷаҳон ба ин шаҳр омада буд. Ӯ дар бахши забонҳои Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил карда, забон ва адабёти туркиро омӯхтааст. Ҳамкурсонаш ба нашрияи «Проект» нақл карда буданд, ки ӯро солҳои донишҷӯӣ КГБ ба ҳамкорӣ ҷалб карда буд. Соли 1969 ӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Тукрия меравад, вале он ҷо барои фурӯхтани нишонаҳои сарисинагӣ боа кси Ленин боздошт мешавад.
Ин боздошт ба ояндаи кори ӯ дар сохторҳои дипломатӣ зарба мезанад ва ба омӯзиши ҳуқуқшиносӣ машғул мешавад.
Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, ӯ дар Кумитаи радио ва телевизион, Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди берунии СССР, Кумитаи Шӯравии ҳифзи сулҳ ва Вазорати адлияи СССР кор кардааст.
Ҳоло макони дафни ӯ ва маросими ҷанозааш маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий