Тоҷикистониҳоро барои кор ба Русия даъват мекунанд. Чӣ кор, маош чанд ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз ҷумла, як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва бастабандӣ дар шаҳри Санкт-Петербург корҷӯёнро барои идоракунандаи таҷҳизот даъват мекунад.
Ба иттилои манбаъ, маош аз 80 ҳазор то 140 ҳазор рубл буда, ҳаҷми маош аз маҳорат, таҷриба ва соати кории корманд вобаста аст. Ҷадвали корӣ 5-рӯза дар ҳафта ва рӯзе 8 соат буда, коргар ройгон омӯзонида мешавад.
Хароҷоти ҷойи зист ва хӯрокворӣ аз ҳисоби коргар аст. Донистани забони русӣ яке аз шартҳои асосӣ гуфта мешавад.
Оҷонсӣ тавсия додааст, ки ба ин кор, мардони аз 18 то 45-сола бо таҷрибаи кор бо техника ва фанновариҳо муроҷиат кунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Санкт-Петербург корҷӯёни тоҷикро барои нигоҳубини говҳои ширдӯш ва гӯсолаҳо даъват мекунад.

Оҷонсӣ гуфт, маош аз 1600 то 1900 рубл ва бо мукофотпулӣ аз 2700 то 3200 рубл дар рӯз аст. Басти корӣ 12-соата буда, барои қонунвайронкунӣ коргар аз мукофотпулӣ маҳрум мешавад.
Ба ин кор занон ва мардони аз 18 то 50-сола даъват карда мешавад.
Кор дар ширкати сохтмонӣ
Оҷонсӣ гуфт, онҳое, ки қабул мешаванд, бо хобгоҳи ройгон ва давоми басти корӣ бо як вақт хӯрок таъмин мешаванд. Реҷаи корӣ 11 соата буда, донистани забони русӣ ҳатмӣ ва ба кор мардони аз 18 то 45-сола даъват карда мешаванд.
Кор дар анбори тиҷорати интернетӣ
Кори дигар ба тоҷикистониён дар анбори тиҷорати интернетӣ (маркетплейс) пешниҳод шудааст. Корҷӯён ба корӣ боркашон, бандубасткунанда ва ҷобаҷокунандаи маҳсулот ҷалб мешаванд. Вале аз анбори тиҷоратӣ ном набурдааст.Музди маош аз 3080 рубл дар рӯз буда, басти корӣ 11-соата аст. Оҷонсӣ гуфт, имконияти даромади бештар ва гирифтани мукофотпулӣ вуҷуд дорад.
Дар анборҳо кормандон ба навъбандӣ, ҷобаҷокунӣ, тамғагузорӣ, ва борхоликунии мошинҳои калон машғул шуда, ба он занон ва мардони аз 18 то 45-сола даъват карда мешаванд.

Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Ба гуфтаи Оҷонсӣ, хоҳишмандон метавонанд ба бинои Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 80-и шаҳри Душанбе (наздикии “Пивзавод”) муроҷиат кунанд.Барои маълумоти бештар тариқи рақамҳои зерин тамос гирифта метавонед:
- 221-39-67, 221-39-83; WhatsApp /Telegram: +992 55 555 1080 +992 98 790 6666, +992 91 576 7743, +992 93 093 4994
- вилояти Суғд: +992 884406633
- вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
- ВМКБ: +992 935 101 439
“Ҳамаи хидматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Оҷонсӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд”, – гуфтанд аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс”.
Бояд гуфт, ҳафтаи пеш мақомот корҷӯёнро ба кор дар Туркия ва Ҷопон даъват карда буданд.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Ин аст, ки санд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, ба ҷӯз Русия самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Булғористон ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)