Трамп гузоришҳо дар бораи коҳиши захираҳои аслиҳаи Амрикоро рад кард
"Ал-Ҷазира« рӯзи панҷшанбе, 3-уми сентябр, гузориш додааст, ки Трамп гузоришҳои расонаӣ ва таҳлилҳои мустақил дар бораи коҳиши захираҳои аслиҳаи Амрикоро „комилан нодуруст“ хондааст.
Трамп гуфтааст, ки Амрико „тақрибан миқдори номаҳдуди“ муҳимоти ҷангии дорои сифати миёна то баланд дар ихтиёр дорад.
Ӯ ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи камбуди баъзе аслиҳаи пурқудрат, аз ҷумла мушакҳои „Томагавк“, „Патриот“ ва низоми дифои мушакии „THAAD"-ро рад кардааст.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки Вашингтон раванди истеҳсоли таслиҳотро низ суръат бахшидааст ва қарор аст фурӯши он ба муттаҳидони ин кишвар аз сар гирифта шавад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки теъдоде аз расонаҳои амрикоӣ дар ҳафтаҳои ахир дар бораи коҳиши захираҳои баъзе аслиҳаи Иёлоти Муттаҳида гузориш додаанд.
Бар асоси ин гузоришҳо, ирсоли баъзе аслиҳаи Амрико ба муттаҳидонаш, аз ҷумла Швейтсария ва Ҷопон, дар ҷараёни ҷанги Амрико бо Эрон барои чандин моҳ ба таъхир афтодааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)