< Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳкими сулҳу амният, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Душанбе дар соли 2028 ва раванди таҳияи Раванди оби Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, инчунин аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 ёдовар шуд.

Ҳамчунин вазъи амниятӣ дар минтақа ва таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар доираи Созмони Милали Муттаҳид изҳори  омодагӣ намуданд.


Сарчашма: khovar.tj
​

Комментарии (0)

Оставить комментарий