< “Рӯдакӣ масири шеъри моро муайян кард”. Форсизабонони ҷаҳон Рӯзи бузургдошти падари шеъри порсиро таҷлил карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Рӯдакӣ масири шеъри моро муайян кард”. Форсизабонони ҷаҳон Рӯзи бузургдошти падари шеъри порсиро таҷлил карданд

“Рӯдакӣ масири шеъри моро муайян кард”. Форсизабонони ҷаҳон Рӯзи бузургдошти падари шеъри порсиро таҷлил карданд
Дирӯз, 22-юми сентябр, чеҳраҳои шинохтаи илму адаби Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) гирди ҳам омадаанд, то Рӯзи бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил кунанд. Бархе меҳмонон бори аввал ба сарзамини Рӯдакӣ қадам гузоштаанд ва аз он фараҳ доштанд, ки боз Одамушшуаро порсигӯёнро ба ҳам овардааст.

Перомуни мақоми давлатии Рӯзи РӯдакӣМуҳаммаддовуд Саломиён, ноиби раиси АМИТ, ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ"-ро оғоз бахшида, пасон Қобилҷон Хушвахтзода, роҳбари ин боргоҳ, зимни суханронии табрикии худ аҳамияти шинохти устод Рӯдакиро дар замони муосир таъкид кард.

Сипас Масрур Абдуллозода, намояндаи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳозиринро ба ин муносибат шодбош гуфта, ба таърихи ин ҷашн равшанӣ андохт. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ташаббуси аввалини таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ба соли 1925 рост меояд, вале мақоми расмии давлатиро ин сана маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳиб шуд.

«Соли 2002 бо қарори Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Қонун „Дар бораи рӯзҳои ид“ тағйирот ворид карда шуд ва 22-юми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ба рӯйхати расмии ҷашнҳои давлатии миллии кишвар ворид гардид», — изҳор дошт Абдуллозода.

Ӯ аз таъкидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки устод Рӯдакиро рамзи бедорӣ, худшиносӣ ва истиқлолхоҳии миллат хондааст. Ба таъбири ӯ, ашъори устод Рӯдакӣ сарчашмаи тарбияи инсондӯстӣ ва ватандорӣ буда, лаҳни суханаш ба муаллими ҳикматдон мемонад.

asia+


Дидгоҳи ҳайкалтарош пас аз 40 солСаидумар Маъсум, рассом ва ҳайкалтароши маъруфи афғонистонии муқими Олмон, ки пас аз тақрибан ним аср ба дидори Тоҷикистон омадааст, эҳсосоти худро пинҳон накарда, бо ашки шодӣ сухан гуфт.

«Агар Рӯдакии бузург намебуд, мо форсизабонон имрӯз дар ин гаҳвораи фарҳанги Тоҷикистон гирди ҳам наменишастем», — гуфт Маъсум.
Вай нақл кард, ки чӣ гуна соли 1978, пас аз даргузашти ду абармарди миллат — Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров, барои омӯзиши ҳайкалтарошӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Сайдумар Маъсум бо ифтихор аз корҳои эҷодии худ, аз ҷумла таҳияи нимпайкараи биринҷии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дӯсти деринааш Лоиқ Шералӣ, инчунин тасвирҳои китоби «Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуд.

«Рӯдакӣ — рамзи ҳувияти муштараки Тоҷикистон ва Эрон"Дар ҳамоиш намояндагони илму адаби Эрон низ фаъолона ширкат варзиданд. Профессор Абдурризо Ҷавон Ҷаъфари Буҷнурдӣ, ректори Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад, Рӯдакиро рамзи ҳувияти муштарак ва пули пайванди ду кишвар номид.

«Рӯдакӣ ба унвони падари шеъри форсӣ на танҳо забони моро ба ҳам пайванд дод, балки бо шеъраш хотираи ҷамъӣ, эҳсоси тааллуқ ва фарҳанги муштаракро дар миёни мо абадӣ сохт», — таъкид кард Буҷнурдӣ.

Мавсуф пешниҳод кард, ки барои тақвияти ин равобит ва ошноии насли ҷавон бо суннатҳои ниёкон, ҳамоиши байналмилалии илмӣ перомуни ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шавад.

asia+


Ҳифзи мероси Рӯдакӣ рисолати кист?Просеффор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, раиси «Хирадсарои Фирдавсӣ», дар гузориши худ таҳти унвони «Падаронагии Рӯдакӣ» ба баррасии нақши Одамушшуаро дар шаклгирии қолабҳои шеърӣ пардохт.

«Ҳамаи қолабҳои шеъри форсиву тоҷикӣ, аз қасидаву ғазал то рубоиву маснавӣ дар вазнҳои мухталиф, дар ҳамин ҳудуди 1000 байти боқимондаи устод Рӯдакӣ дида мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки тамоми мероси адабии мо фарзандони устод Рӯдакӣ ҳастанд ва ӯ масири шеъри моро муайян кардааст», — гуфт Ёҳақӣ.

Ӯ иброз дошт, ки қаблан пешниҳод карда буд, то дар ҷаҳон як рӯзи мушаххас — 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шавад ва хушбахтона, ин ташаббус аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шуд.

Дар идомаи ҳамоиш Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон атрофи вазни шеъри Рӯдакӣ ва арҷгузорӣ ба ашъори ӯ ҳарф зад.

Доктор Маҳдии Зарқонӣ бо гузориши «Рӯдакипажӯҳӣ дар мақолоти муҳаққиқони Эрон», доктор Муҳаммад Тақавӣ бо мавзӯи «Рӯдакӣ ва тахайюли воқеъгаро» ва доктор Салмон Сокит, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад перомуни «Рӯдакӣ дар оинаи адабиёти татбиқӣ» суханронӣ карда, паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Одамшуароро мавриди таҳлил қарор доданд.

Ширкаткунандагон иброз доштанд, ки ҳарчанд аз мероси гаронбаҳои устод Рӯдакӣ, ки ба қавли Рашидии Самарқандӣ 13 раху 100 ҳазор шеър (ё 1 миллиону 300 ҳазор байт) будааст, имрӯз танҳо ҳудуди 1000 байт ба мо расидааст, вале ҳамин миқдори кам низ барои исботи соҳибқиронии ӯ дар шеър кофист.

asia+


Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз ва дар дарбори Сомониён хидмат карда, пойдевори шеъри тоҷику форсро бино сохт ва баъд давраи пиронсолагияшро дар зодгоҳаш ба сар бурд ва соли 941 дар Панҷрӯд аз олам чашм баст.

Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст. Ин маконро «Маккаи шеъри форсӣ» ҳам меноманд — гузориши «Азия-Плюс» аз Оромгоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯдро ин ҷо бубинед.

Аз ин пештар ҳам «Азия-Плюс» ба муносибати Рӯзи бузургдошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ расми муҷассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форс, ки ба хотири гиромидошташ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон гузошта шудааст, гирд овард, ки инҷо метавонед бубинед: Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий