Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Расонаҳои байналмилалӣ субҳи рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш додаанд, ки Аҳмад аш-Шараъ ин нуктаро дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Аҳмад аш-Шараъ гуфтааст, ҳар гуна талоше, ки соҳибихтиёрии Сурияро нақз кунад ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ бошад, боздошта хоҳад шуд.
Ӯ афзудааст, ки «Исроил алайҳи Сурия даст ба ҳамла мезанад» ва таъкид кардааст, ки бо вуҷуди «таҷовузҳои» пайдарпайи Исроил, «имкони сулҳ ва амният барои касоне, ки мехоҳанд дар сулҳ зиндагӣ кунанд, фароҳам аст».
Ин дар ҳолест, ки Исроил аз замони ҷанги арабҳо ва Исроил дар соли 1967 Баландиҳои Ҷӯлонро дар ишғоли худ дорад ва соли 1981 ин минтақаро ба қаламравҳои таҳти ҳокимияти худ ҳамроҳ кардааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)