< Қоидаҳои нав: Барои дароз кардани муҳлати сабтиноми тоҷикистониҳо дар Қирғизистон иҷозаи ВКХ лозим аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қоидаҳои нав: Барои дароз кардани муҳлати сабтиноми тоҷикистониҳо дар Қирғизистон иҷозаи ВКХ лозим аст

Қоидаҳои нав: Барои дароз кардани муҳлати сабтиноми тоҷикистониҳо дар Қирғизистон иҷозаи ВКХ лозим аст
Дар Қирғизистон тартиби нави сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ эътибор пайдо кард. Аз ҷумла, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор мекунанд, ҳангоми дароз кардани муҳлати сабтином иҷозатномаи ягонаи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и ин кишвар талаб карда мешавад, менависад хабаргузории «24.kg».

Қоидаҳои нав бо қарори ҳукумати Қирғизистон таҳти рақами 600 тасдиқ шуд. Он талаботи ягона барои бақайдгирӣ, ҳуҷҷатҳо ва ҷои иқомати хориҷиёнро муқаррар мекунанд.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад?   
                                                                 
Шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон, ки дар Қирғизистон кор мекунанд, барои дароз кардани муҳлати қайд бояд иҷозатномаи ягонаи ВКХ пешниҳод кунанд. Сабтином тибқи суроғаи воқеии иқомат, ки тарафи қабулкунанда нишон медиҳад, расмӣ карда мешавад. Агар манзил ба қабулкунанда тааллуқ надошта бошад, розигии нотариалии тасдиқшудаи соҳиби манзил ё ваколатнома талаб карда мешавад.
                                                              
Барои хона (ҳуҷра) ва биноҳои истиқоматӣ меъёри на камтар аз 12 метри мураббаъ ба ҳар як нафар муқаррар шудааст. Барои хешовандони наздик истисно пешбинӣ шудааст.

Сабтиномро бояд пас аз воридшавӣ ва на дертар аз рӯзи охири иқомати иҷозашудаи бе қайд расмӣ кард. Дароз кардани муҳлати он низ бояд то анҷоми қайди амалкунанда расмӣ карда шавад.
                                                                    
Ҳангоми хуруҷ аз Қирғизистон ба муддати 30 ва зиёда сабтином ба таври худкор бекор мешавад. Пас аз бозгашт онро бояд аз нав расмӣ кард.              
                                                
Ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти шиноснома, ҷои истиқомат, бақайдгирии дубора бояд дар муддати 10 рӯзи корӣ анҷом дода шавад.
Барои донишҷӯён аз кишварҳои бидуни раводид  муҳлати иқомат метавонад дар асоси ҳуҷҷатҳои таҳсил ва дар сурати доштани суғуртаи тиббӣ дароз карда шавад.

Акс аз торнамои sugdpressa.tj 


Қаблан, мақомоти ин кишвар хабар дода буданд, ки тибқи ҳамин қарори № 600, аз 18-уми сентябр муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба таври худкор тавассути Низоми ягонаи баҳисобгирии муҳоҷирати хориҷӣ ҳисоб карда мешавад. Аз муҳлати иҷозашуда зиёдтар мондан метавонад барои рад кардани вуруди навбатӣ ба Қирғизистон асос шавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки 60 рӯз бидуни сабтином дар ин кишвар боқӣ монад.
 
Ёдовар мешавем, ки пас аз танаффуси қариб чорсола Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли 2025 фаъолияти ду гузаргоҳи сарҳадӣ — «Қайроғоч» ва «Қизил-Бел"-ро аз сар гирифтанд.

Ин дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ва имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ сурат гирифт.

Рӯзи дигар, 14-уми марти соли 2025, парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Бишкек барқарор шуданд. Нахустин парвозро пас аз таваққуфи қариб чорсола ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» анҷом дод.

Ҳамин тариқ, ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳам парвозҳои мустақим миёни ду пойтахт дастрасанд. Дар баробари ин, қоидаҳои нави муҳоҷират маҳдудиятҳоро маҳз барои муҳлати будубош муқаррар мекунанд, ки ҳангоми банақшагирии сафар бояд ба назар гирифта шаванд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий