Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд
"Ал-Ҷазира« рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш додааст, ки сарвазири Испания ин мавзуъро дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Санчес гуфтааст, ки дар ҳашт соли гузашта Испания бо „ҳамаи ҷангҳои таҷовузкорона, дар ҳар куҷое, ки оғоз шудаанд, чӣ дар Украина, чӣ дар Лубнон ва чӣ дар Эрон“ мухолифат кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки Испания ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия, ҷорӣ кардани таҳримҳои низомӣ алайҳи Исроил ва манъи истифодаи хоки худ барои анҷоми таҷовузе, ки хилофи қонунҳои байналмилалӣ бошад, пойбанд будааст.
Сарвазири Испания таъкид кардааст, ки Испания „наслкушиеро, ки Нетаняҳу ҳамчунон дар Ғазза анҷом медиҳад, ба таври қатъӣ“ маҳкум мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Испания аз дар ихтиёри артиши Амрико гузоштани пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои низомии худ дар замони даргирӣ бо Эрон низ худдорӣ карда буд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)