Амрико ва Эрон дар Ню-Йорк гуфтушунидро аз сар гирифтанд. Ду ҷониб ин дидорро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?
Ҳайатҳои Эрон ва Амрико рӯзи 22-юми сентябр дар ҳошияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфтушунид кардаанд. Мавзӯи асосии гуфтушунид шартҳои аз сар гирифтани музокирот ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз будааст. Ду ҷониб дар бораи шакли ин гуфтушунид ривоятҳои гуногун пеш овардаанд. Теҳрон мегӯяд, дидор бо исрори Амрико баргузор шуд. Вашингтон онро гуфтушуниди «созанда» тавассути миёнаравҳо меномад.
Дар бораи ин мулоқот хабаргузории давлатии Садову симои Эрон (IRIB) ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико, дар саҳифааш дар шабакаи X хабар додаанд.
Ривояти Теҳрон: «Бо исрори Амрико"Хабаргузории Садову симо дирӯз навишт, ки Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, бо Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар ҳошияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк вохӯрдааст.
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби пазируфтани дархости Уиткофф расонидани шартҳои Эрон барои бозкушоии танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз будааст.
«Мавқеи қотеъи Эрон дар ин дидор ба намояндаи Амрико расонида шуд», — навиштааст Садову симо.
Чанд соат баъд Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар суҳбат бо хабаргузории IRNA гуфт, мулоқот бо ҷониби амрикоӣ тавассути миёнарави қатарӣ сурат гирифтааст. Ҳадафаш расонидани шартҳои Эрон будааст, аз ҷумла хотимаи ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо, қатъи амалҳои таҷовузкоронаи Амрико, қатъи муҳосираи баҳрӣ ва ҷанги иқтисодӣ ва озод кардани дороиҳои Эрон.
«Ҳайати Эрон дидгоҳ ва шартҳои худро хеле возеҳ тавассути миёнаравҳо ба ҷониби амрикоӣ расонд», — гуфт Бақоӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ин мавқеъ нав нест ва ҳамин ҳафта ҳам дар бораи Ҳурмуз, амнияти минтақа ва шартҳои Эрон мавқеашон изҳор шуда буд. Ҳайат танҳо аз ҳузураш дар Ню-Йорк истифода кардааст, то онро равшан ба амрикоиҳо расонад.
Ривояти Вашингтон: «Созанда ва умедбахш"Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ки фиристодагонаш Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер (домодаш) бо аъзои ҳайати Эрон се соат вохӯрдаанд ва вохӯрии дигар «дар ояндаи хеле наздик» пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки мақомоти эронӣ «дар сатҳи баландтарин набуданд, аммо ин ҳам чизе аст».
«Намедонам, чаро онҳо созиш бастан намехоҳанд. Ин ё бузургӣ аст, ё нобудӣ», — гуфт Трамп дар бораи мавқеи Эрон. Пеш аз ин, дар суханрониаш дар Маҷмааи умумии СММ, ӯ Эронро ба «нобуд кардан» таҳдид карда буд.
Баъдтар Стив Уиткофф дар шабакаи X навишт, ки гуфтушунид мустақим набудааст.
«Имрӯз дар ҳошияи Маҷмааи умумии СММ бо ҳайати Эрон тавассути миёнаравҳо, ки тамоми рӯз байни ду ҷониб рафтуомад мекарданд, гуфтушуниди тӯлонӣ доштем. Онҳо як даври музокиротро бомуваффақият ба анҷом расонданд, ки умедворем созанда ва умедбахш бошад. Миёнаравҳо кори худро идома медиҳанд», — навиштааст Уиткофф.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, ин вохӯрӣ пешакӣ ба нақша гирифта шуда буд ва Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар, дар қисми зиёди гуфтушунид миёнарав будааст.
Дар куҷо ривоятҳо фарқ мекунанд?Пас аз изҳороти Трамп дар бораи гуфтушуниди сесоата, чунин тасаввур пайдо шуд, ки ҷонибҳо бевосита вохӯрдаанд. Гузориши Садову симо ҳам ба ғайримустақим будани гуфтушунид ва ҳузури миёнаравҳо ишорае накарда буд. Танҳо пас аз паёми Уиткофф ва суханони Бақоӣ маълум шуд, ки ҳайатҳо рӯ ба рӯ нанишастаанд.
Расонаҳои наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон изҳороти Трампро шубҳанок арзёбӣ карданд. Хабаргузории Машриқ навишт, ки раисҷумҳури Амрико бо изҳори умед ба созиш бо Эрон пеш аз интихоботи миёнамӯҳлат «қадами намоишӣ» гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи «Al Arabiya» бо истинод ба як манбаи амрикоӣ, ки дар вохӯрӣ ҳузур доштааст, иддао кард, ки Вашингтон дархости Теҳронро барои бардоштани муҳосира рад кардааст. Ин иддао то ҳол аз ҷониби намояндагони ду ҷониб расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Бояд гуфт, ки даври қаблии гуфтушуниди Эрону Амрико охири моҳи июн баргузор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон охири моҳи феврали соли 2026 оғоз шуд ва аз он вақт то кунун чанд маротиба оташбас эълон ва вайрон шудааст. Рӯзи 8-уми апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд. Рӯзи 15-уми июн Теҳрону Вашингтон аз хотимаи ҷанг хабар доданд ва пас аз он ёддошти тафоҳум барои 60 рӯзи музокира ба имзо расид.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)