< Сармоягузорони Узбекистон бо иқтидори истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сармоягузорони Узбекистон бо иқтидори истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд

Сармоягузорони Узбекистон бо иқтидори истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
​Зимни мулоқоти роҳбарияти минтақа бо меҳмонон масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба истифодаи самараноки имконоти мавҷудаи минтақа ва ба роҳ мондани ташаббусҳои нави соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчун ҷумҳуриҳои ҳамсоя, дӯст ва бародар дорои робитаҳои таърихию фарҳангии муштарак буда, рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Маъмурияти минтақа ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ тадбирҳои пайваста меандешад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий