< Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор

Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор
Манобеъ рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, ба рӯзномаи «8-и субҳ"-и Афғонистон гуфтаанд, ки ин даргирӣ шоми рӯзи гузашта оғоз шуда ва тақрибан ду соат идома кардааст.

То ҳол дар бораи шумори дақиқи кушташудагон ва захмиён, инчунин, чӣ гуна оғоз шудани даргирӣ маълумоти дақиқ нашр нашудааст.
Ин даргирӣ дар ҳоле рух додааст, ки неруҳои Покистон ба мавзеъҳое дар дохили Афғонистон низ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи манобеъ, аз ҷумла як маркази марбут ба ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаи Сарои Мулло-соҳиб дар шаҳри Қандаҳор ва ҳамчунин, баъзе минтақаҳо дар вилояти Хуст ҳадафи ин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Толибон то замони нашри ин хабар дар мавриди даргирӣ ва талафоти эҳтимолӣ иттилои расмӣ пешниҳод накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон дар такя ба манобеъи худ менависанд, ки дар Бемористони Қандаҳор пас аз ин ҳамла ҷасади чанд коргари сохтмон ба бемористон интиқол дода шудааст.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий