ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
— Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо шукуҳу бозтобҳои тозаи худро ба зиндагии халқи мо ворид кард, балки ба эҳёи тозаи маънавиёти мо, аз ҷумла илму фарҳангу адабиёт низ таъсири бузург гузошт. Мо мекӯшем ин таъсирро мушаххасан дар мисоли шеъри замони соҳибистиқлолии мамлакат нишон бидиҳем.
Бояд гуфт, ки маҳз назми муосири тоҷик дар оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт ва дар таҳкими зербуни истиқлолияти давлатӣ ва пайгирии идеяҳои баланди миллӣ саҳми арзанда гузошт. Ва ба ин васила адабиёти ҳазорсолаи мо по ба пои сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои баланди миллӣ пайваста рангу бори тоза ва симои нав гирифт. Шеъру адабиёти навини мо мавзуъ, идея ва ҳадафҳои баландеро фаро мегирифтанд, ки моҳияти миллӣ доштанд. Ин падида дар адабиёти гузаштаамон собиқа надошт. Дар тамоми самтҳои илмиву адабӣ армонҳои миллӣ, манфиати ватанӣ ва ҳадафҳои баланди онҳо мавқеи асосиро гирифтанд.
Бале, вақте, ки миллати тоҷик баъд аз садсолаҳо соҳиби обу хок ва соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид, оҳангҳои ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, масъулияти ватаншиносӣ, бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ дар шеъру адаби мо мақоми аввалро гирифтанд. Зеро дар марҳилаи эҳёи миллии кишвари баъд аз садсолаҳо баистиқлолрасида инҳо ҳама ногузир гардиданд. Агар хоҳем, ки ин тозагиҳоро мушаххасан нишон бидиҳем, метавон онҳоро ба чандин самт ё номгӯй ҷудо кард. Мавзуъҳои тозае, ки ба адабиёти бадеии ҳазорсолаи мо нуру навои нав бахшиданд, аз ҷумла инҳоянд, ки ҳама тозаву нав буда, собиқа надоштанд:
Бояд гуфт, ки маҳз назми муосири тоҷик дар оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт ва дар таҳкими зербуни истиқлолияти давлатӣ ва пайгирии идеяҳои баланди миллӣ саҳми арзанда гузошт. Ва ба ин васила адабиёти ҳазорсолаи мо по ба пои сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои баланди миллӣ пайваста рангу бори тоза ва симои нав гирифт. Шеъру адабиёти навини мо мавзуъ, идея ва ҳадафҳои баландеро фаро мегирифтанд, ки моҳияти миллӣ доштанд. Ин падида дар адабиёти гузаштаамон собиқа надошт. Дар тамоми самтҳои илмиву адабӣ армонҳои миллӣ, манфиати ватанӣ ва ҳадафҳои баланди онҳо мавқеи асосиро гирифтанд.
Бале, вақте, ки миллати тоҷик баъд аз садсолаҳо соҳиби обу хок ва соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид, оҳангҳои ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, масъулияти ватаншиносӣ, бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ дар шеъру адаби мо мақоми аввалро гирифтанд. Зеро дар марҳилаи эҳёи миллии кишвари баъд аз садсолаҳо баистиқлолрасида инҳо ҳама ногузир гардиданд. Агар хоҳем, ки ин тозагиҳоро мушаххасан нишон бидиҳем, метавон онҳоро ба чандин самт ё номгӯй ҷудо кард. Мавзуъҳои тозае, ки ба адабиёти бадеии ҳазорсолаи мо нуру навои нав бахшиданд, аз ҷумла инҳоянд, ки ҳама тозаву нав буда, собиқа надоштанд:
- Ифтихор ва худшиносии милливу таърихӣ;
- Ваҳдати миллӣ ва ягонагиву якпорчагии миллат;
- Мафҳуми ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва тарбияи руҳияи ҷавонмардию қаҳрамонӣ;
- Таҷассум ва ситоиши муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, Конститутсия, забони модарии давлатӣ ва ситоиши давлати соҳибистиқлол ва Пешвои миллат;
- Таҷассуму ситоиши маросими миллӣ, ойину суннатҳо ва эҳёи касбу ҳунари миллӣ то тавсифу тарғиби симои миллӣ ва ифтихори он;
- Эҷоди асарҳои нав дар мавзуъҳои нави замонавии дорои аҳамияти миллӣ, амсоли тавсифу тасвири Истиқлолияти давлатӣ, ташаббусҳои навини байналмиллалии Пешвои миллат; бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»; сохтмони роҳҳои байналмиллалӣ, бунёдкориву созандагиҳо ба ифтихори Истиқлоли давлатӣ дар саросари Тоҷикистон.
- Ин ҳама мавзуъҳое, ки дар адабиёти даврони соҳибистиқлолии мо пайгирӣ шуданд, тозаю нав буда, дар адабиёти гузаштаамон назир надоштаанд. Ба ин муносибат дар адабиёт ва шеъри муосири мо мавзуъҳои нави бесобиқа, ба мисли шинохти ҳувияти миллӣ, озодиву истиқлол, Ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва ғайра бештар инъикос ёфтанд. Шеъри муосири мо дар радифи барномаҳо ва ҳадафҳои баланди миллиамон бештар руҳияи миллӣ гирифт.
Саҳми шоирони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар бунёди адабиёти навин ва пайгирии ҳадафҳои бузурги миллӣ, ки дар марҳилаи нави таърихии халқамон бисёр муҳим буда, нақши тақдирсоз дошт, сазовори дастгирию тақдир кардан аст.
Хусусан дар оғоз шоирони номдор ва ватандӯсти мо Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ашӯр Сафар, Гулназар, Гулрухсор, Саидҷон Ҳакимзода ва чанди дигар парчами худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар шеъри навини муосири мо баланд бардоштанд. Ашъори ба шинохти ҳувияти миллӣ, бузургдошти забони давлатӣ, таҷассуми таърихи пурифтихор ва шахсиятҳои таърихӣ, тасвири симои нобиғагони шеъру адаби тоҷик бахшидашудаи онҳо дар таҳкими маънавиёт ва ифтихори миллӣ нақши бориз гузошт.
Саҳми шоирони насли минбаъдаи мо дар шинохти ҳувияти миллӣ, ифтихори таърихӣ ва ваҳдату ягонагии миллат сазовори ёдоварист.
Ба ин васила мо шоҳидем, ки адабиёти навини даврони соҳибистилолии тоҷик дар бунёди маънавии халқамон, тарбияву ташаккули насли нави бунёдкор, фароҳам овардани руҳияи баланди умумии халқамон ва ягонагиву якпорчагии он саҳми бузургу бориз мегузорад.
Саҳми назми муосири тоҷик дар бунёду таҳкими Истиқлоли давлатӣ
Дар мавриди он ки адабиёти бадеии муосири мо, хусусан шеъри мо дар бунёд ва таҳкими истиқлолият чӣ саҳм гузошт ва чӣ нақши бузург дорад, зиёд гуфта шудааст. Мо шоҳидем, ки аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷодаҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, бунёди ваҳдати миллӣ ва якпорчагии халқу давлатамон шеъри муосири тоҷик пешгоми воқеот, ҳаракатҳо ва муждарасони пирӯзиҳои халқу кишварамон будааст.
Мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна шеър ва суруд дар рӯзҳои парокандагӣ халқи моро ба ҳам оварданд. Маҳз ин гуна шеърҳо миллати моро ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карданд. Шеъри муосири мо дар он рӯзгори гирифторӣ дар бунбастҳои сарҳадӣ муждарасони мардуми мо ба ҳамдигар, муждарасони фарҳанги мо ба ҷаҳониён, хосса муждарасони мо ба ҳамзабонон буд.
Аз шоирони соҳибтаҷрибаи мо Ғаффор Мирзо буд, ки дар он замон бо силсилаи шеърҳои ватандӯстона мардумро ба шинохти ҳувияти миллӣ даъват намуд ва руҳияи баланди ватандӯстиро тараннум кард:
…Тоҷикам ман, куҳнабунёдам, ки аз ҳар решаам
Миллате, халқе ба дунё омаду шуд мустақил,
Навдаҳою хадраҳоям ёди хешӣ мекунанд
Аз Халиҷи Форс то Помир, то дарёи Нил.
Не, ман аз бигзаштаҳо шармандаю маҳзун наям,
Нест дар таърих асре бе нишон аз буди ман.
Иддаои бартарӣ, болонишиниям набуд,
Лек умре вусъати таърих буд маҳдуди ман…
Ид дорам! Ид не, арзи сарафрози вуҷуд,
Ид не, изҳори миллият ва истиқлоли ман.
Ид дорам! Эй бифармоед дар дарбори дил,
Наҷмҳои мозию хуршеди истиқболи ман.
Устод Муъмин Қаноат дар достони «Ҳамосаи дод» истиқбол аз истиқлоли миллату кишвари моро бо баландтарин муҳаббат ва ихлоси нишотангез ба қалам дод:
Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Марду зан по шуд ба истиқболи инъоми Худо,
Ку расуле, к-оварад имрӯз пайғоми Худо.
Бо эҳсоси ифтихори таърихиву миллӣ шеърҳое суруда шуданд, ки пояҳои аввали маънавиёти бузурги замони соҳибистиқлолии ватани озоди моро гузоштанд. Истиқбол аз Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби шоири тоҷик хусусан дар шеъри устод Лоиқ намои дурахшони ватандӯстона дорад:
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Аз Бухоро бар Душанбеи шариф
«Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».
Бубинед, шоири шаҳир чӣ қадар устокорона эҳсоси ватандӯстии имрӯзи моро бо гузаштаи пурифтихорамон пайванди қавии ногусастанӣ мезанад:
Бар Душанбе — пойтахти тоҷикон,
Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме.
Ҳон, магӯ Исмоили Сомонӣ мурд,
Зинда бо сад корвон ояд ҳаме.
Оре, ин эҳёи на танҳо кишвару сарзамини соҳибтамаддунамон буд, ин эҳёи волотарин сифатҳои ватандорӣ ва ватансозӣ, эҳёи маънавиёти бузурги халқу кишварамон буд:
Шак макун, эй каҷназар, гар мири мо
З-он замон бар ин замон ояд ҳаме…
Ҳамраҳи ӯ бо ҳазорон кавкаба
Рӯдакӣ ҳамдостон ояд ҳаме.
Рӯдакӣ бо уди эъҷозофарин
Дилнавозу дилситон ояд ҳаме…
Устоди Тӯс «Шаҳнома» ба каф
Дар бари соҳибқирон[1] ояд ҳаме.
Устод Лоиқ бо сурудани ин ғазал дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии Ватанамон иштибоҳ накарда буд. Бо гузашти солҳо бо ибтикори Пешвои миллат «Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҳуҷҷати асосии худшиносии миллатамон гардид. Тақдими он ба ҳар хонадони тоҷик, таъсиси озмунҳову омӯзиши ин асари безавол имрӯз дар байни наврасону ҷавонон гувоҳи ин гуфтаҳост.
Ин шеъри устод бо эҳёи маънивиёту суннатҳои қаҳрамонии халқамон ва эҳёгари он Пешвои миллатамон ҳанӯз дар оғози Истиқлоли давлатӣ мантиқан ҳусни анҷом мепазирад, ки воқеӣ буданаш имрӯз собит гардид:
Дар бари ӯ бо ғурури тоҷикӣ
Рустам аз Зобулситон ояд ҳаме.
Рустами Дастон ба он фарру шукуҳ
Аз миёни «Ҳафтхон» ояд ҳаме.
Ва устод Лоиқ дар он замон иштибоҳ накарда буд, вақте гуфт:
Пешвои миллати фарҳангсоз
Сарфарозон пешамон ояд ҳаме.
Ва дар радифи қоматафрозии давлати навбунёди соҳибистиқлоли мо шеъри шоири мо низ «пойгоҳи давлат"-ро кафшер мекард, нақбҳо месохт, чунон ки Бозор Собир дар ин байтҳо:
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори нақби Шаҳристон,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор,
Сахту маҳкам.
Бунёди ҳар давлату ҳар миллат, пеш аз ҳама, дар бунёди қавии маънавиёти ӯст ва ин маъноро шоирони мо бо камоли масъулияти ватансозӣ дарк мекарданд, аз ҷумла Гулназар Келдӣ:
Пеши касам набинӣ
Сархам ту, Меҳани ман,
Аз тори Парчами туст
Рагҳои гардани ман!
ва ё :
Рӯ ба душман набоз ранги хеш,
То Ливои Ватан набозад ранг!
Бубинед Гулрухсор шарҳи истиқлоли Ватанро чӣ гуна шоирона ва бо масъулияти ватандӯстдорӣ ба қалам додааст:
-Чист истиқлол?
-Иззат доштан!
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шуҳрати озодагон
Донаи меҳру садоқат коштан.
Пайванди қавӣ ва ногусастании миллати моро дар замони соҳибистиқлолӣ бо замини аҷдодӣ Раҳмат Назрӣ хеле тасвирноку таъсирбахш шоирона сурудааст:
Кундаам сахт, ҷовидон сахт аст
Дар заминҳои сахти кӯҳистон,
Дар тани ман ҷавона мебандад
Навдаҳои дарахти кӯҳистон.
Печ-печон гирифтаам оғӯш
Осмонро чу шохаҳои сада,
То ки бошам ман аз ҳавои ватан
Сабз дар пуштаҳои бодзада.
Барқи гардун ба ҷони худ гирам,
Чун сапедори остони ватан,
Пораи оташи ҷаҳонсӯзе
То наафтад ба хонадони ватан.
Воқеан ин пораи шеъри Раҳмат Назрӣ намои ибратбахши ватандӯстдорӣ аст.
Тавсифи истиқлоли ватанро бо рангу наворҳои ҷолиб ва наву тоза дар шеъри Муҳаммад Ғоиб дармеёбем:
Дирафши Ковиён дорему мулку лашкари иқбол,
Суруду ҳам нишон дорему халқи аз ҳама хушҳол.
Самои бахти мо дорад ҳазорон мурғи зарринбол,
Чи хушкомем аз шаҳди ҳаёту даври истиқлол.
Зи ҷаҳди Сарвар оҳи талх шуд ширинтарин оҳанг,
Хамӯш аз оби рӯди сулҳпарвар шуд алови ҷанг.
Сутуну пояҳои кохи ваҳдат бобақотар шуд,
Ҳидоят кард моро ӯ ба сӯи қуллаҳои нанг.
Ҷаҳони лаззати ҳастию тақдир аст Истиқлол,
Суруди кӯдаку лабхандаи пир аст Истиқлол.
Зи Истиқлол гирад зиндагонӣ равнақи дигар,
Насиби миллати фаҳмаш ҷаҳонгир аст Истиқлол.
Ба ин тариқ, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо рангу тобиш ва армонҳои баланди миллӣ дар шеъри шоирони муосири тоҷик, аз ҷумла, Рустам Ваҳҳобзода намои тозаи шоирона мегирад ва Истиқлоли давлатии мамлакат ба сурати як инсони сарбаланду сарфароз пеши назар ҷилвагар мегардад:
Зи мавҷи Вахш берун мешавад хуршеди истиқлол,
Зиҳӣ ҷоми ҷаҳонбин дар кафи Ҷамшеди истиқлол.
Сади Роғун шумори қуллаҳоро мекунад афзун,
Чу кӯҳе устувор истода ин уммеди истиқлол.
Уқоби авҷи озодист гӯё бар ситеғи кӯҳ
Ватансозе, ки бинад бар ҷаҳон аз диди истиқлол.
Бувад ҳар чархаи Роғун ҳарифи чархаи гардун,
Ки бо ҳар гардиши худ мекунад тавлиди истиқлол
Ба ин тариқ шоири тоҷик Давлат Сафар бо назари нек ҳама хуҷастагиҳои истиқлоли Тоҷикистон ва афзалияту моҳияти онро таҷассуми шоирона додааст:
Чист Истилолият?
Дидаву дилро зиё бахшидан аст,
Бар ятиме муттако бахшидан аст,
Бенавоеро наво бахшидан аст,
Интиҳоро ибтидо бахшидан аст.
Чист Истилолият?
Раҳ кушудан дар дили кӯҳи Ватан,
Роҳ паймудан ба сӯи анҷуман.
Боғи уммедест дар дашту даман,
Тоби хуршедест андар ҷону тан.
Дар маҷмуъ ашъори даврони соҳибистиқлолии шоирони тоҷикро метавон чун як шиносномаи истиқлол ва шукронае аз он номгузорӣ кард, чунон ки Абдуллои Раҳнамо нигоштааст:
Шукри оби беминнат, шукри нони беминнат,
Шукри оби истиқлол, шукри нони Истиқлол.
Рӯйи тахтаи мактаб дарси сулҳ мехонанд,
Кӯдакони хушбахтӣ, ахтарони Истиқлол.
Дар замини аҷдодӣ, дар қаламрави шодӣ,
Сабз шав, ҷавонӣ кун, эй ҷавони Истиқлол!….
Соҳиби ватан гаштем дар паноҳи иқболаш,
Соҳиби замон гаштем дар замони Истиқлол.
Нақши шеъри муосир дар шинохти Истиқлоли давлатии кишварамон мавзуест хеле фарох ва доманадор, ки наметавон дар як гузориш онро матраҳ кард. Истиқлолияти давлатӣ ва озодии Ватан аз ҷониби адибони тоҷик он қадар истиқболи гарм дошт, ки наметавонам шоиреро ном барам, ки ситоиши истиқлолро накарда бошад. Баъзе шоирони ватандӯсти мо бо камоли муҳаббат ва масъулият дар ин мавзуъ ҷилд-ҷилд шеърҳо гуфтаанд, ки барои баррасии онҳо низ ҷилд –ҷилд пажӯҳиш бояд рӯйи кор овард. Ва ин амал пажӯҳиши дастҷамъонаи адабиётшиносону муҳаққиқонро тақозо дорад.
Адибони ватандӯсти тоҷик бо дарки баланди моҳияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустин на фақат онро истиқбол намудаву сутудаанд, балки бо навиштаҳои худ ангезишҳое дар шинохти истиқлолият, моҳияти он, бедор кардани эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар дилҳо ангехтаанд. Имрӯҳо низ ашъори ватандӯстонаи шоирони тоҷик по ба пои пирӯзиҳои замони соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷикро ба ватандӯстӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ, шинохти таърихи худ, дарки масъулияти ватандӯстӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, бедор ва пойдор доштани ин неъмати бебаҳо раҳнамоӣ мекунанд. Дар аксари мавридҳо ин ашъор ба ҷавонони мо неру ва тавони руҳи ватандӯстона бахшида, эҳсоси баланди худшиносӣ ва ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо парвариш кардаю пойдор медоранд.
Комментарии (0)