< Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
​Барномаи идона бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск баргузор шуда, дар он намояндагони Ҳукумати вилояти Новосибирск, корпуси дипломатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷомеаи тоҷикони муқими минтақа иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Зарина Исмоилзода иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон саҳифаи нави таърихӣ боз намуда, заминаи устувори таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишварро фароҳам овардааст.

Дар идома иштирокчиён аз дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавқеи созандаву ташаббускорро пайгирӣ менамояд.

Дар ин замина, аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдоварӣ карда шуд. Иброз гардид, ки ин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳими экологӣ мусоидат мекунанд.

Қисмати муҳими чорабинӣ ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бахшида шуд.
Намояндагони Ҳукумати вилояти Новосибирск омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд бо Тоҷикистон таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия бар асоси дӯстии таърихӣ, эҳтироми мутақобила ва робитаҳои густурдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ пайваста рушд мекунанд.

Ҳамчунин ба рушди ҳамкории байни вилояти Новосибирск ва минтақаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, нақши робитаҳои минтақавӣ дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ инчунин барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонон гардид, ки дар он ҳунару фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои тоҷикӣ муаррифӣ шуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий