< Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
​Мусобиқа аз 7 то 12 сентябр идома ёфта, дар он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Ҳиндустон, Малайзия, Чехия, Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки рушди арзиши касбӣ ва оммавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини варзишгарон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ буда, барои таҳкими мавқеи теннис дар мамлакат, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

Дар доираи он теннисбозон барои ба даст овардани унвони ғолиб ва «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақобат менамоянд. Баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ баёнгари таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва тақвияти ҳамкории байналмилалии варзишӣ мебошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий