< Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
​Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфта, иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, пас аз суханронии Президенти кишвар намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли сарнавиштсоз» баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар барномаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим истифода гардид.

Ҳунармандон, устодони санъат ва сарояндаҳои шинохта Рустам Дуллоев, Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, Давлат ва Соҳиб Назрӣ, Комилҷон Зарипов, Тоҷиддин Раҳимзода, Гуласал Пӯлодова, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, Лоиқ Холов, Шоҳин ва Ҷаннатулло Абдуллоевҳо, Ситораи Кароматулло, Абдулхайр Муминов, ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳайётҷон Ҳамрохонов ва Манижа Назарова, Ҳикматулло Анваров, ҳунарпешагони Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Миҷгона Иброҳимова, Ясмина Алидодова, Мадина Ақназарова, Дилноза Каримова, Фаррух Ҳасанзода ва дигарон суруд хонданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий