Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр дар Театри миллӣ баргузор шуд, баён гардид.
«Бо истифода аз фурсат, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям», — изҳор доштанд Сарвари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаи мамлакат беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, бо саҳми онҳо 10 ҳазору 170 километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, 273 пул бунёд ва ба истифода дода шуд.
«Умуман дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ, 734 пул бунёд гардидааст», — тазаккур доданд Роҳбари давлат.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)