< Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад

Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбад

Сафири Тоҷикистон Русия дар дидор бо вазири фарҳанги Русия густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Любимова, вазири фаҳранги Русия дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додаааст котиби масъули сафорат.

Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташикли теъдоде аз руйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷории мелодӣ иброз доштанд.

Сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳанг дар ҳавзаи театри ҳирфаи, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон ру ба рушд хоҳад буд.

Вазири фарҳанги Русия ба навбати худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд барои истифода аз тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.

Дар ин мулоқот баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муъосир, сафари ҳайатҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва намоишии ду тараф ба кишварҳои якдигар ва ширкат дар руйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмиллалӣ таъкид шуд.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​


Комментарии (0)

Оставить комментарий