< Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд

Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд
Раисиҷумҳури Бразилия таассуроти худро аз мулоқоти ахираш бо раҳбари Русия баён кард 
Раҳбари Бразилия Ҷаир Болсонаро, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро яке аз тавонотарин афроди ҷаҳон номид. Дар ин бора Estado de Minas менависад.

Болсонаро бо рӯзноманигори нашрия чанд ҳафта пас аз мулоқот бо Путин сӯҳбат кард.

Ёдовар мешавем, ки президенти Бразилия рӯзи 16 феврал ба Маскав омада буд.

«Чанд ҳафта пеш ман бо яке аз тавонотарин афроди ҷаҳон вохӯрдам. Ҳоло ӯ бо кишвари ҳамсоя даргир аст. Мо тақрибан се соат сӯҳбат кардем», гуфт Болсонаро.

Вай гуфт, ки Путин пеш аз рафтан ӯро ба утоқи корӣ даъват кардааст. Сиёсатмадорон баъзе масъалаҳои стратегиро баррасӣ карданд.

«Тамоми ҷаҳон як аст. Он чизе, ки аз ин ҷо 10-20 ҳазор километр дуртар мегузарад, ба мо таъсир мекунад», — қайд кард дар суҳбат бо Estado de Minas Болсонаро.

Раисиҷумҳури Бразилия ахиран гуфт, ки ин кишвар ба қатъномаи СММ дар бораи таҳримҳои зидди Русия раъй нахоҳад дод.


Қаблан муаррихи турк Илбер Ортайлӣ Путинро «боарзиштарин шахсият миёни раҳбарони аврупоӣ» номида, бар бартарии ӯ дар баробари раиси Кохи Сафед Ҷо Байденро таъкид карда буд

Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат сиёсатмадори касбист. Ба бовари муаррих, Баръакси Путин дар кирдорҳои сардори Касри Сафед бадахлокии сиёсӣ рӯшан мушоҳида мешавад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий